М.Убайдуллоев: Ман аз фаъолиятам ба ҳайси раиси пойтахт ифтихор дорам

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии озоди «Бидуни миёнаравон»-и раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад. Дар оғози вохӯрӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки 30%-и буҷети давлатӣ аз ҳисоби шаҳри Душанбе ташаккул меёбад ва пойтахт дар муқоиса бо се вилояти кишвар бештар андоз ҷамъоварӣ мекунад. «Аксари душанбегиҳо маҳз барои андозбандӣ маро хуш надоранд, вале […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар шаҳри Душанбе вохӯрии озоди «Бидуни миёнаравон»-и раиси пойтахт бо сокинони шаҳр идома дорад.

Дар оғози вохӯрӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки 30%-и буҷети давлатӣ аз ҳисоби шаҳри Душанбе ташаккул меёбад ва пойтахт дар муқоиса бо се вилояти кишвар бештар андоз ҷамъоварӣ мекунад.

«Аксари душанбегиҳо маҳз барои андозбандӣ маро хуш надоранд, вале ман мутмаинам, ки дар Душанбе метавон аз ин ҳам бештар андоз ҷамъоварӣ намуд, – гуфт вай. – Агар мо имсол 1 млрд. сомонӣ андоз ҷамъоварӣ намоем, дар сурати фаъолияти хубтар дар соли оянда, мо метавонем беш аз 3 млрд сомонӣ маблағ ба даст орем».

Дар робита ба мушкилоти мавҷуда дар бахшҳои тандурустиву маориф раиси пойтахт изҳор кард, ки ин мушкилот дар бештари ҳолатҳо бинобар сабаби мавқеи ғайриқаноатбахши шаҳрвандии худи сокинон ба вуҷуд меояд. «Бо имзои қарори аттестатсияи директорони макотиби таҳсилоти умумӣ ман барои худ душманони зиёде пайдо кардам, вале аттестатсия нишон дод, ки беш аз 80%-и директорон ба ин мансаб лоиқ нестанд», – гуфт ӯ.

Раиси пойтахт ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аксари падару модарон қариб умуман ба мактабҳо намераванд ва беморон бидуни огаҳӣ аз ҳуқуқҳои худ ба кормандони тиббӣ пора медиҳанд.

М.Убайдуллоев таъкид кард, ки аз фаъолияти худ ба ҳайси раиси пойтахт, ки аз соли 1996 онро ба уҳда дорад, ифтихор мекунад. «Ман бекориро бад мебинам ва тамоми кӯшишамро баҳри шукуфоии пойтахт ба харҷ медиҳам», – иброз дошт раиси шаҳри Душанбе.

Ӯ ба сокинони шаҳри Душанбе, ки дар ин вохӯрӣ беш аз 400 нафарро ташкил медиҳанд, муроҷиат карда, гуфт, ба дастгирии онҳо ниёз дорад ва маҳз барои ҳамин онҳоро ба суҳбати ошкоро даъат кардааст.

Ёдрас мекунем, барои касоне, ки ба иштирок дар ин вохӯрӣ имкон надоранд, дар сомонаи

http://www.mometavonem.tj/video/

пахши видеоии вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.