Имзои созишномаи аввалини «сулҳу субот» дар Хоруғ

Нимашаби гузашта тазоҳургарони назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ майдони Ваҳдатро тарк намуданд. Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, гирдиҳамомадагоне, ки ба нишони эътироз ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров ба майдон ҷамъ омада буданд, то лаҳзаҳои охир бовар надоштанд, ки қарордодҳои нав ба иҷро мерасанд. Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни […]

ASIA-Plus


Нимашаби гузашта тазоҳургарони назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ майдони Ваҳдатро тарк намуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, гирдиҳамомадагоне, ки ба нишони эътироз ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров ба майдон ҷамъ омада буданд, то лаҳзаҳои охир бовар надоштанд, ки қарордодҳои нав ба иҷро мерасанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни нерӯҳои қудратӣ, гурӯҳи миёнарави 20-нафара, вакилони шӯрои шаҳрии Хоруғ, намояндагони дин ва фаъолони шаҳр созишнома ба имзо расид, ки аз оғози амалиёт нахустин ба шумор меравад. Ҳамаи қарордодҳои қаблӣ шифоҳӣ буданд.

Ба гуфтаи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», созишнома баҳри ба субот овардани вазъ дар Бадахшон ба имзо расида, аз се банд иборат аст.

Мутобиқи ин бандҳо, тамоми иштирокчиёни гирдиҳамоии ғайриқонунии ахир аз ҷавобгарӣ озод шуда, пас аз имзои санад гирдиҳамоӣ хотима меёбад ва иштирокдорони он майдонро тарк мекунанд. Дар банди сеюм интиқоли нерӯҳои низомии гирду атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин ба қисми низомии мустақар дар шаҳри Хоруғ ва минбаъд баррасии масъалаи хурӯҷи пурраи онҳо ба макони будубоши доимӣ пешбинӣ мешавад.

«Қисмате аз тазоҳургарон изҳор карданд, ки ба иҷрои ин қарордодҳо боварӣ надошта, то аз қаламрави Қалъаи Хумб (маркази маъмурии Дарвоз) берун рафтани нерӯҳо майдонро тарк нахоҳанд кард. Аммо сипас тасмим гирифта шуд, ки аз ҳисоби шахсони дар зери созишнома имзогузошта як ситод таъсис дода шавад. Ситоди мазкур имрӯз ба фаъолият оғоз намуда, баҳри иҷрои шартҳои банди сеюми созишнома кӯшиш ба харҷ медиҳад. Танҳо баъд аз ин тазоҳургарон ба хонаҳои худ пароканда шуданд», – иттилоъ дод хбарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ вазъ ором буда, мақомоти маҳаллӣ ба корҳои батартибории майдони Ваҳдат шурӯъ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.