Баррасии вазъи ВМКБ дар мулоқоти М.Кабирӣ бо намояндаи ВКХ Олмон

Чанде қабл дар қароргоҳи ҲНИТ вохӯрии роҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва масъулини ҳизб бо хонум Антҷе Линдертсе, раиси қисми Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Ҳейнер Ҳорстейн баргузор гашт. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо масоили марбут ба вазъияти кунунии минтақа, кишвар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар қароргоҳи ҲНИТ вохӯрии роҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва масъулини ҳизб бо хонум Антҷе Линдертсе, раиси қисми Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Ҳейнер Ҳорстейн баргузор гашт.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо масоили марбут ба вазъияти кунунии минтақа, кишвар ва Бадахшонро баррасӣ намуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз ҳукумати Олмон барои ҳамкорӣ ва кумакҳояш ба Тоҷикистон ва инчунин барои муносибати мутавозинаш бо ҳукумат ва аҳзоб изҳори миннатдорӣ кард.

Дар робита ба вазъи кунунии ВМКБ, Муҳиддин Кабирӣ мавҳеъи ҳизбро баён намуда, онро душвор, вале ҳалшаванда номид. Вай гуфт: «Роҳи ҳал ҳам танҳо дар муколама ва ҳамдигарфаҳмии ҳукумат бо мардум мебошад. Ҳизби мо аз аввал ҷонибдори роҳи ҳалли мусолиматомези ин қазия мебошад ва ба назари мо, ҳалли он танҳо аз тариқи гуфтушунид буд ва ҳаст. Мо қатъиян зидди хушунат ва истифодаи артиш ва умуман силоҳ дар чунин ҳолат ҳастем».

Инчунин роҳбари ҲНИТ нақши созмонҳои байналмилаллиро дар ҳалли қазия муҳим шуморида, гуфт: «Мо аз ҳама созмонҳои байналмиллалӣ ва корпусҳои дипломатие, ки дар ҳалли осоиштаи ин қазия дар даври аввали он саҳм гузоштанд, изҳори сипос мекунем. Бовар дорем, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ хоҳони ҳалли ингуна қазияҳо бо роҳи осоишта мебошанд. Барои мавқеъи дуруст доштани ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбати ингуна масоил бояд шинохти воқеъӣ вуҷуд дошта бошад. Мутаассифона, баъзан дар Ғарб аз вазъияти воқеии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо пурра огоҳ нестанд, ки ин боиси баҳогузориҳои нодуруст мегардад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.