Озмуни қориёни Қуръон миёни маҳбусони Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бори нахуст  миёни маҳбусони муассисаи ислоҳотӣ озмуни қориёни Қуръон доир гардид. Тавре ба islamnews.tj аз муассисаи ислоҳотии №3/1-и шаҳри Душанбе хабар доданд, озмун бо дастгириву сарпарастии сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Иззатулло Шарифов, роҳбарияти Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, озмун таҳти шиори «Барои […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Тоҷикистон бори нахуст  миёни маҳбусони муассисаи ислоҳотӣ озмуни қориёни Қуръон доир гардид.

Тавре ба islamnews.tj аз муассисаи ислоҳотии №3/1-и шаҳри Душанбе хабар доданд, озмун бо дастгириву сарпарастии сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Иззатулло Шарифов, роҳбарияти Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, озмун таҳти шиори «Барои анҷоми корҳои нек бо ҳам ба мусобиқа бипардозед» сурат гирифта, қориёни беҳтарин бо туҳфаҳои Маркази исломии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни дигари озмун низ туҳфаҳо ҳадя гардид.

«Баргузории чунин чорабинии динӣ баҳри беҳбуди сатҳи маърифати маҳбусон нақши муҳим дошта, яке аз омилҳои муассири ислоҳшавии онҳо аст», – гуфт манбаъ.

Котиби матбуотии Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов дар ин робита ба islamnews.tj изҳор кард, ки ба марказ бо дархости кӯмак аз муассисаи ислоҳотии №3/1 мактуб расида, маҳбусон хоҳиш кардаанд, ки ба онҳо адабиёти динӣ ва гилем барои адои намоз фиристода шавад. «Мо ба онҳо ҳудуди 80 нусха адабиёти динӣ, аз қабили Қуръону ҳадис ва таърихи ислом ва 12 метр гилем барои адои намоз равона карда, ҳамчунин барои ғоибони озмун мукофотпулӣ ҷудо намудем», – гуфт ӯ.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ба маҳбусон як миқдор адабиёти динӣ ва маҳсулоти канселярӣ фиристод.

Қобили зикр аст, ки тӯли 20 соли истиқлол ин нахустин озмуни динӣ миёни маҳбусони Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.