Оғози кори 16 ярмаркаи мактабӣ дар пойтахт

Date:


Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 16 ярмаркаҳои мактабӣ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки кори онҳо то 20-уми сентябр идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, фурӯшгоҳҳои ярмарка бо истифода аз конструксияҳои ҷамъшаванда аз масолеҳи сабук сохта шуда, дар он сарулибос барои толибилмон ва асбобу лавзимоти хониш ба фурӯш бароварда мешаванд. Фаъолияти ярмарка мунтазам таҳти назорати хадамотҳои оташнишонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз ярмаркаҳои мактабӣ дар қаламрави ноҳияи Сино – дар назди Филармонияи давлатӣ, бозори «Деҳқон», «Зарафшон» ва дар микрорайонҳои 32 ва 102;  дар ноҳияи Фирдавсӣ – дар назди марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер», бозори «Корвон» (2) ва кӯчаи Маяковский; дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар назди маркази савдои «Ҷаҳони кӯдакон» (Детский мир), бозори «Варзоб» ва маркази хизматгузории «Пойтахт» ва дар ноҳияи Шоҳмансур – дар назди мағозаи «Олами китоб» , бозорҳои «Маршал» ва «Авиатор» ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...