Вохӯрии намояндагони «Созандагони Ватан» бо муҳоҷирон дар Сибир

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҳизб бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия як силсила вохӯриҳо доир менамояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши ҷавонони ҲХДТ Адҳам Мирсаилов аз шаҳри Красноярски Русия хабар дод, имрӯз дар ин шаҳр мулоқоти намояндагони ташкилот бо муҳоҷирони тоҷик баргузор гардида, ин гуна вохӯриҳо […]

Аваз Юлдошев


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҳизб бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия як силсила вохӯриҳо доир менамояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши ҷавонони ҲХДТ Адҳам Мирсаилов аз шаҳри Красноярски Русия хабар дод, имрӯз дар ин шаҳр мулоқоти намояндагони ташкилот бо муҳоҷирони тоҷик баргузор гардида, ин гуна вохӯриҳо то 8-уми сентябр дар шаҳрҳои Иркутск ва Новосибирск идома меёбанд.

«Вохӯриҳо бо дастгирии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва дар ҳамдастӣ диаспораҳои тоҷикони Сибир созмон дода шуда, дар онҳо мо ният дорем, ки ба муҳоҷирон дар бораи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот дода, дар ҳалли мушкилоташон мусоидат намоем», – таъкид кард А.Мирсаилов.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.