Оғози кори 16 ярмаркаи мактабӣ дар пойтахт

Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 16 ярмаркаҳои мактабӣ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки кори онҳо то 20-уми сентябр идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, фурӯшгоҳҳои ярмарка бо истифода аз конструксияҳои ҷамъшаванда аз масолеҳи сабук сохта шуда, дар он сарулибос барои толибилмон ва асбобу […]

Аваз Юлдошев


Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 16 ярмаркаҳои мактабӣ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки кори онҳо то 20-уми сентябр идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, фурӯшгоҳҳои ярмарка бо истифода аз конструксияҳои ҷамъшаванда аз масолеҳи сабук сохта шуда, дар он сарулибос барои толибилмон ва асбобу лавзимоти хониш ба фурӯш бароварда мешаванд. Фаъолияти ярмарка мунтазам таҳти назорати хадамотҳои оташнишонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз ярмаркаҳои мактабӣ дар қаламрави ноҳияи Сино – дар назди Филармонияи давлатӣ, бозори «Деҳқон», «Зарафшон» ва дар микрорайонҳои 32 ва 102;  дар ноҳияи Фирдавсӣ – дар назди марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер», бозори «Корвон» (2) ва кӯчаи Маяковский; дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар назди маркази савдои «Ҷаҳони кӯдакон» (Детский мир), бозори «Варзоб» ва маркази хизматгузории «Пойтахт» ва дар ноҳияи Шоҳмансур – дар назди мағозаи «Олами китоб» , бозорҳои «Маршал» ва «Авиатор» ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.