Камбуди шадиди гази моеъ дар бозори фурӯши маводи сӯзишворӣ

Ахиран дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе камбуди шадиди гази моеъ ба мушоҳида мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ – ҶДММ «Фароз» Далер Шукуров хабар дод, айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ин ширкат захираи гази моеъ пурра ба охир расидааст. «Рӯзҳои наздик […]

Заррина Эргашева


Ахиран дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе камбуди шадиди гази моеъ ба мушоҳида мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори яке аз ширкатҳои бузурги таъминкунандаи ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ – ҶДММ «Фароз» Далер Шукуров хабар дод, айни замон дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ин ширкат захираи гази моеъ пурра ба охир расидааст.

«Рӯзҳои наздик як миқдори нави гази моеъ ворид мегардад. Сабаби камбуди гази моеъ дар он аст, ки ҳар як кишвари содиркунанда нахуст бозори дохилии худро таъмин карда, сипас ба содирот рӯ меоварад, – мегӯяд вай. – Ғайр аз ин, бо пайдо шудани бозорҳои нави бузургтар дар муқоиса бо Тоҷикистон, талабот ба гази Қазоқистон, ки мо асосан аз ин кишвар онро ворид мекунем, бамаротиб бештар шудааст».

Дар робита ба афзудани қимати газ номбурда гуфт, он ба болоравии нарх дар кишвари содиркунанда, тарофаҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва дигар хароҷот вобаста аст.

Имрӯз арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории мавзеъҳои наздики пойтахт 3,70 ва дар шаҳри Душанбе 3,30 сомониро ташкил медиҳад.

Дар яке аз мақомоти марбут ба ин масоили ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар саросари кишвар захираҳои гази моеъ ба сурати умум ҳамагӣ 420 тоннаро ташкил медиҳанд. «Дар зарфи 2-3 рӯз захираи 2,5 ҳазор тонна гази моеъ фурӯхта шуд. Даҳаи аввали моҳи декбар миқдори нави ин мавод ба ҷумҳурӣ ворид гардида, мушкилоти камбуди он ҳал хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази моеъ 76 ҳазор тонн ба маблагӣ 53 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Арзиши миёна барои як тонна гази моеъ ба 697 доллари ИМА баробар шудааст.

Дар муқоиса бо соли 2011 воридоти ин навъи сӯзишворӣ ду баробар зиёд шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба ҷумҳурӣ 33,8 тонна гази моеъ ба маблағи 21,2 млн. доллари ИМА ворид гардида, арзиши як тоннаи он 629 доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли равон 69 доллари ИМА пасттар аст.

Имрӯз ширкатҳои «Газпромнефт Тоҷикистон», «Фароз» ва «Зет газ» аз ширкатҳои бузургтарини воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.