Соли равон 165 ҳазор нафар бори нахуст пой ба остонаи мактаб гузоштанд

Date:


Соли равон дар Тоҷикистон 165 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб гузоштанд. Ҳудуди 16 ҳазор нафари онҳо дар 140 мактаби таҳсилоти умумии пойтахт ба таҳсил шурӯъ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Вайсиддин Исмоилов, сармутахассиси Раёсати таълимоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар дод, бо фармони вазири маориф Нуриддин Саидов бахшида ба оғози соли нави хониш дар 3 ҳазору 990 мактаби таҳислоти умумии кишвар ҷамъомади ботантана доир гардид.

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 46 нафар кӯдакон дар синфи якум бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, феълан дар қаламрви вилоят 902 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд. Соли гузашта дар ин муассисаҳои таълимӣ 463 ҳазору 311 нафар таҳсил карданд.

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ имсол барои 60 ҳазор нафар хонадагон занги аввал садо медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Раҷабалӣ Шокиров хабар дод, ин алҳол маълумоти пешакӣ буда, шояд шумори хонандагони синфи як аз ин миқдор зиёдтар ҳам бошад, зеро ҳамасола шумори хонадагони синфи як дар вилоят 4-5 ҳазор нафар бештар мешавад.

Ба қавли вай, соли равон дар макотиби вилоят 1,2 ҳазор омӯзгорони ҷавон ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Ӯ зикр кард, ки дар робита ба афзудани маоши муаллимон аз 1-уми сентябри соли равон, аксари муаллимоне, ки тарки мансаб карда буданд, ба кори пештараашон баргаштаанд. «Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки соли ҷорӣ мушкилоти норасоии омӯзгорон дар вилоят қариб пурра роҳи ҳалли худро пайдо кард», – афзуд Шокиров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...