Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз иёлати Гоаи Ҳиндустон

Сафари давлатии чоррӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон аз иёлати Гоаи ин давлат оғоз ёфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори иёлати Гоа Бҳарат Вир Ванчу масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Ҳиндустон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии он қарор дорад, баррасӣ шуд. Бо […]

ASIA-Plus


Сафари давлатии чоррӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон аз иёлати Гоаи ин давлат оғоз ёфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори иёлати Гоа Бҳарат Вир Ванчу масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Ҳиндустон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии он қарор дорад, баррасӣ шуд.

Бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва ҳамрешагии забонҳои тоҷикию ҳиндӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳарду ҷониб ба тавсиаи робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, табодули таҷриба дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи илмию фарҳангӣ зоҳир карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.