Мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон бо нахуствазири Шӯрои давлатии Чин

Дар ҳошияи иштирок дар кори Ярмаракаи байнулмилалии тиҷорати хориҷии Урумчӣ Экспо «Чин-Авруосиё» нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Вэн Сзябо мулоқот анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблии миёни кишварҳо баимзорасида дар бахшҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор […]

Аваз Юлдошев


Дар ҳошияи иштирок дар кори Ярмаракаи байнулмилалии тиҷорати хориҷии Урумчӣ Экспо «Чин-Авруосиё» нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Вэн Сзябо мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблии миёни кишварҳо баимзорасида дар бахшҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахшҳои энергетика, сохтмони роҳҳо, коммуникатсия, тиҷорат ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Оқил Оқилов ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии ширкатҳои «TBEA» ва «Шанхай»-и Чин, ки дар Тоҷикистон ба татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар бахши энергетика машғуланд, низ дидору гуфтушунид кард.

Ёдрас мекунем, ки дар ин ярмарка Тоҷикистонро КВД «ТАЛКО», ШСХК «Барқи тоҷик», КВД «Востокредмет», КВД «Хӯрокворӣ», ҶСК «Тоҷиккабел», ҶСП «Регаркабел», ҶСК «Суман», ТҶ «Парастор», ИИИ «Умед», ҶДММ «Тиниал», ҶДММ «Сомон», ҶДММ «Фортуна», ҶДММ «Рухом», ҶДММ «Евразия», ҶДММ «Чакан» ва дигар ширкатҳо намояндагӣ мекунанд. Кори ярмарка то 5-уми сентябр идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.