Истифодаи сагҳои хизматӣ зимни санҷиши бағочи мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе

Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздид намуда, дастур дод, то дар кӯтоҳтарин фурсат беҳтарин сагҳои  хизматиро аз Маркази кинологии ВКД дастрас намуда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, ба хусус дар пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва шахсони дар кофтуков қарор дошта истифода намоянд. […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздид намуда, дастур дод, то дар кӯтоҳтарин фурсат беҳтарин сагҳои  хизматиро аз Маркази кинологии ВКД дастрас намуда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, ба хусус дар пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва шахсони дар кофтуков қарор дошта истифода намоянд.

Тавре аз маркзи матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд,  Р.Раҳимов ҳамчунин дар маросими ба истифода додани бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ширкат варзид. Аз ин ба баъд дар ин шуъба бахши тозабунёди кинологӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири корҳои дохилӣ махсус қайд кард, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳо самараи истиқлоли кишвари азизамон буда, ҳар як корманд дар баробари ин ҳама ғамхориву дастгирӣ бояд аз худ маҳорати баланди касбӣ ва садоқату масъулияти ҷиддӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон нишон диҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.