Дар назди бинои маъмурияти бозори «Корвон» як издиҳоми мардум, ки якчанд ҳазор нафарро ташкил медиҳад, гирдиҳам омадаанд.
Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, мардум талаб доранд, ки мақомоти раҳбарии бозор ба наздашон баромада, ҳодисаро шарҳ диҳанд.
«Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯшиш доранд, ки мардумро ором созанд. Издиҳом омода аст, ки ҳар лаҳза дарвозаи бинои маъмурияти бозорро барканад. Дар ҷойи ҳодиса касе аз намояндагони мақомоти раҳбарии бозор ё кормандони баландпояи милиса ҳузур надоранд, то ки ба ҳодиса рӯшанӣ андозанд», – иттилоъ медиҳад хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи ӯ, одамон тамоман навмеду маъюсанд, зеро бар асари сӯхтор тамоми бору колоҳояшонро, ки якчанд ҳазор доллар арзиш дошт, аз даст додаанд.
Тибқи баъзе маълумот, боз садҳо нафар ба назди бинои маъмуримяти президент роҳ пеш гирифтаанд.


