Пуштибонии СММ аз қарори БҶ оид ба идомаи ташхиси нерӯгоҳи «Роғун»

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун кӯшиши Бонки ҷаҳонӣ оид ба расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилот дар соҳаи энергетика бо истифодаи тарзҳои гуногуни алетернативиро дастгирӣ намуд. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар ин робита Пан Ги Мун аз тасмими бонк дар мавриди идомаи ташхиси мустақили техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» истиқбол […]


Дабири кулли СММ Пан Ги Мун кӯшиши Бонки ҷаҳонӣ оид ба расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилот дар соҳаи энергетика бо истифодаи тарзҳои гуногуни алетернативиро дастгирӣ намуд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар ин робита Пан Ги Мун аз тасмими бонк дар мавриди идомаи ташхиси мустақили техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» истиқбол кардааст.

«Пан Ги Мун бар ин назар аст, ки натоиҷи ин таҳқиқот дар ҷараёни қабули қарор оид ба лоиҳа як дастури усутуворе хоҳад буд, – гуфта мешавад дар изҳороти раҳбари СММ, ки санаи 5-уми сентябр котиби матбуотии ӯ пешниҳод кардааст. – Дар навбати худ, он ба роҳандозии муколамаи созанда миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти обу энергия мусоидат менамояд».

Дабири кулли СММ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки дар дарёфти созишномаи қобили қабули ҳамаи кишварҳо оид ба идораи захираҳои обии минтақа мутобиқи ҳуқуқҳои байнулмилалӣ фаъолона ширкат варзанд.

Ӯ аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват кардааст, ки аз дастгирии пешниҳодшудаи намояндаи махсуси СММ – роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча дар робита ба ин масъала истифода намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.