Гирдиҳамоӣ дар назди бозори «Корвон»

Дар назди бинои маъмурияти бозори «Корвон» як издиҳоми мардум, ки якчанд ҳазор нафарро ташкил медиҳад, гирдиҳам омадаанд. Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, мардум талаб доранд, ки мақомоти раҳбарии бозор ба наздашон баромада, ҳодисаро шарҳ диҳанд. «Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯшиш доранд, ки мардумро ором созанд. Издиҳом омода аст, ки ҳар лаҳза […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Дар назди бинои маъмурияти бозори «Корвон» як издиҳоми мардум, ки якчанд ҳазор нафарро ташкил медиҳад, гирдиҳам омадаанд.

Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, мардум талаб доранд, ки мақомоти раҳбарии бозор ба наздашон баромада, ҳодисаро шарҳ диҳанд.

«Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯшиш доранд, ки мардумро ором созанд. Издиҳом омода аст, ки ҳар лаҳза дарвозаи бинои маъмурияти бозорро барканад. Дар ҷойи ҳодиса касе аз намояндагони мақомоти раҳбарии бозор ё кормандони баландпояи милиса ҳузур надоранд, то ки ба ҳодиса рӯшанӣ андозанд», – иттилоъ медиҳад хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, одамон тамоман навмеду маъюсанд, зеро бар асари сӯхтор тамоми бору колоҳояшонро, ки якчанд ҳазор доллар арзиш дошт, аз даст додаанд.

Тибқи баъзе маълумот, боз садҳо нафар ба назди бинои маъмуримяти президент роҳ пеш гирифтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.