Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назди тоҷирони ҷамъомадаи бозори «Корвон» суханронӣ намуд.
Ӯ изҳор кард, ки барои таъсиси комиссия аз ҳисоби роҳбарони Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Бонки миллӣ ва мақомоти раҳбарии Ассотсиатсияи соҳибкорон ҷиҳати муайян кардани маблағи зарар супориш хоҳад дод ва аз ҷамъомадагон даъват кард, ки намояндаашонро мустақилона ба ҳайати комиссия шомил бисозанд. Убайдуллоев ваъда кард, ки тафтишоти қазияи сӯхтори «Корвон» мунсифонаву шаффоф сурат гирифта, ӯ онро таҳти назорати шахсӣ қарор хоҳад дод.
Раиси пойтахт чандин маротиба хотиррасон намуд, ки тоҷирон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ набуда, ҳеҷ кадоме аз онҳо бо маъмурияти бозор шартнома надорад.
М.Убайдуллоев ваъда кард, ки муҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби тоҷирон гирифташуда ду сол тамдид гардида, бозор бидуни истифодаи маблағҳои тоҷирон дубора сохта мешавад.
Қобили зикр аст, ки издиҳоме, ки ба маркази пойтахт равона буд, дар назди «Тоҷиктекстил» боздошт ва дубора ба бозор баргардонида шуд. Тоҷиронеро, ки раҳпаймоӣ то марказро идома доданӣ буданд, кормандони милиса боздошта, бо автобусҳо ба бозори «Корвон» фиристоданд.
Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, бар асари сӯхтор дар бозори «Корвон» як нафар ҳалок ва се тан ҷароҳат бардоштаанд. Аммо шоҳидони ҳодиса ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадди ақал се нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксари тоҷирон кӯшидаанд, ки аққалан чизе аз амволро наҷот диҳанд ва шумори фавтидагону осебдидагон ҳанӯз мушаххас нест.


