Вазорати маориф як қисми донишҷӯёнро барои баргаштан ба Қазоқистон розӣ кард

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як қисми донишҷӯёнро, ки ҳафтаи гузашта дар назди бинои вазорат даст ба намоиши этирозӣ зада буданд, барои баргаштан ба Қазоқистон розӣ кард. Ҳафтаи гузашта беш аз 90 нафар донишҷӯён ба намоиши эътирозӣ даст зада, аз пешниҳоди ихтисоси дигар дар мактабҳои олии Қазоқистон изҳори норзигӣ карданд, зеро онҳо дар давраҳои омӯзишии омодагӣ бо […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Вазорати маорифи ҷумҳурӣ як қисми донишҷӯёнро, ки ҳафтаи гузашта дар назди бинои вазорат даст ба намоиши этирозӣ зада буданд, барои баргаштан ба Қазоқистон розӣ кард.

Ҳафтаи гузашта беш аз 90 нафар донишҷӯён ба намоиши эътирозӣ даст зада, аз пешниҳоди ихтисоси дигар дар мактабҳои олии Қазоқистон изҳори норзигӣ карданд, зеро онҳо дар давраҳои омӯзишии омодагӣ бо ихтисосҳои дигар таҳсил карда будаанд. Рӯзи дигараш онҳо дар назди кохи раисиҷумҳур гирдиҳам омада буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар дод, аксари онҳо баҳри таҳсил дар Академияи тиббии Алмаато дар курсҳои омодагӣ таҳсил намудаанд, лекин Вазорати маорифи Қазоқистон балли қабул ба макотиби олиро аз 50 балли пешина то 90 балл боло бурда, аз ин рӯ, ба довталабон аз Тоҷикистон ихтисоси дигар, аз ҷумла байтор пешниҳод шуд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти раҳбарии вазорат доишҷӯён ва волидайни онҳоро ба ҳузур пазируфта, ин масъаларо шарҳ додааст. Аксари онҳо тасмим гирифтанд, ки таҳсил бо ихтисосҳои пешниҳодшуда дар Қазоқистонро идома диҳанд, аммо 10-15 нафар донишҷӯён то ҳанӯз норозианд.

Дар ҳамин ҳол, аз сафорати Қазоқистон дар Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намояндагии дипломатӣ бо мактуб ба Вазорати маорифи Қазоқистон муроҷиат кардааст. «Вазоратҳои маорифи кишварҳо сарвақт масъалаи қабули донишҷӯёнро ҳаллу фасл накардаанд. Тайи ду-се сол қабли донишҷӯёни тоҷик муътадил ҷараён дошта, онҳо бо ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил мекарданд. Имсол бошад, чунин бесарусомонӣ ба вуқӯъ пайваст», – гуфтанд дар сафорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.