Эҳтимоли талафоти ҷонӣ дар сӯхтори бозори «Корвон»

Тибқи маълумоти айни ҳол тасдиқнашуда, бар асари ҳодисаи сӯхтори шоми дирӯз дар бозори «Корвон» ҳадди ақал се нафар – ду марду як зан ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ҳалокшудагон кӯшиш кардаанд, ки маҳсулоти худро аз оташ наҷот диҳанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, соатҳои шаши бегоҳи дирӯз дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» сӯхтор сар зада, нахуст […]

Аваз Юлдошев, Меҳрангез Турсунзода


Тибқи маълумоти айни ҳол тасдиқнашуда, бар асари ҳодисаи сӯхтори шоми дирӯз дар бозори «Корвон» ҳадди ақал се нафар – ду марду як зан ҳалок шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ҳалокшудагон кӯшиш кардаанд, ки маҳсулоти худро аз оташ наҷот диҳанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, соатҳои шаши бегоҳи дирӯз дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» сӯхтор сар зада, нахуст посбонон ва савдогарони бозор кӯшиш кардаанд, ки мустақилона оташро хомӯш кунанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, сӯхтор якбора дар якчанд ҷой сар задааст.

Ҳангоме ки сӯхтор аллакай даҳҳо фурӯшгоҳҳоро фаро гирифтааст, хадамоти оташнишонӣ даъват карда мешавад. Дар ҷойи ҳодиса ҳудуди 30 гурӯҳи оташнишонӣ фаъолият намуда, танҳо пас аз чор соат хомӯш кардани сӯхтор муяссар мегардад. Сӯхтор то ҳанӯз пурра хомӯш нагардида, аз баъзе ҷойҳои бозор то ҳанӯз дуд мебарояд.

Шаби гузашта ҳайати раҳбарии Сарраёсати оташнишонии ВКД дар ҷойи ҳодиса қарор доштанд. «Қисмати яклухтфурӯшии бозор пурра сӯхта, чизеро аз оташ эмин нигоҳ доштан дар он муяссар нашуд», – мегӯянд фурӯшандагони бозор.



Акс аз навори видеоии шоҳидон гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.