Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон боздошт шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Ҳалид валади Гулмуроди 30-сола рӯзи 8-уми сентябр ҳангоми баргузории амалиёти махсус дар қаламрави бозори Шоҳмансур боздошт шудааст. Зимни кофтукови чизҳои шахсии ӯ ҳудуди 70 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба гумони шарик будан дар ҷинояти мазкур ҳамчунин сокини 35-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Қаюмов низ дастгир шудааст. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода нашудааст.


