Ифтитоҳи факултаи Донишгоҳи миллии техникии Белорус дар ДТТ

Дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ факултаи муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ифтитоҳ гардид. Имрӯз дар маросими ифтитоҳи факултаи мазкур вазири маорифи Белорус Сергей Маскевич ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова ширкат варзиданд. Нашрияи «Народная газета»-и Белорус бо истинод ба сухангӯи Вазорати маорифи ин кишвар менависад, таҳсил дар ин факулта дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ факултаи муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ифтитоҳ гардид.

Имрӯз дар маросими ифтитоҳи факултаи мазкур вазири маорифи Белорус Сергей Маскевич ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова ширкат варзиданд.

Нашрияи «Народная газета»-и Белорус бо истинод ба сухангӯи Вазорати маорифи ин кишвар менависад, таҳсил дар ин факулта дар ду марҳила сурат гирифта, барои донишҷӯён барнома ва нақшаҳои таълимии ҳамгиройишудаи муштарак таҳия хоҳанд гардид.

Дар марҳилаи аввал донишҷӯёне, ки забони русиро намедонанд, дар курсҳои омодагӣ дар Тоҷикистон таҳсил намуда, донишҷӯёне, ки забони русиро балад мебошанд, дар курсҳои якум ва дуюм тибқи нақшаву барномаҳои муштарак таълим мегиранд. Марҳилаи дуюм дар Белорус сурат гирифта, таҳсили донишҷӯён дар курсҳои 3-5 бо дифоъи кори дипломӣ ва соҳиб шудан ба ихтисосро дар бар мегирад.

Сухангуи вазорат гуфтааст, самти асосии таҳсил аз бахшҳои сохтмону меъморӣ, энергетика, мошинсозӣ ва металлургия, сохтмони роҳу нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва ихтисосҳои иқтисодӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи миллии техникии Белорус беш аз 35 ҳазор донишҷӯён бо таҳсил фаро гирифта шуда, дар он аз рӯйи 89 касб мутахассисон омода мегарданд. Донишгоҳ дорои 119 кафедра буда, дар он беш аз 2 ҳазор нафар омӯзгорон фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.