Д.Назриев: Рӯйдодҳои Хоруғ заифии фаъолияти сохторҳои давлатиро нишон доданд

Роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев бар ин назар аст, ки рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ заифии фаъолияти сохторҳои давлатиро нишон доданд. «Ҳангоме ки ба ин монанд чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд, онҳо бояд саривақт аз ҷониби сохторҳои дахлдор инъикос гарданд», – гуфт ӯ зимни мизи гирд таҳти унвони «Таҳдидҳои муосир дар соҳаи фазои […]

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев бар ин назар аст, ки рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ заифии фаъолияти сохторҳои давлатиро нишон доданд.

«Ҳангоме ки ба ин монанд чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд, онҳо бояд саривақт аз ҷониби сохторҳои дахлдор инъикос гарданд», – гуфт ӯ зимни мизи гирд таҳти унвони «Таҳдидҳои муосир дар соҳаи фазои иттилоотӣ ва нақши ВАО дар Тоҷикистон».

Ба қавли Назриев, маълумоти интишоршуда замони ин рӯйдод дар ВАО, аз ҷумла матбуоти Аврупо асоси воқеӣ надоштанд. «Мо аз он изҳори тааҷҷубу нигаронӣ доштем, ки ба ҷомеа маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мегардад», – қайд кард вай.

Ӯ мутмаин аст, ки ташаббуси пахши маълумот дар ин ҳолатҳо бояд аз ҷониби сохторҳои давлатӣ бештар зоҳир гардад ва маҳз онҳо бояд барои ҷомеа маълумоти заруриро дарҷ созанд.

Назриев мегӯяд, барои ҳалли ин мушкилот бозомӯзии намояндагони хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ зарур аст. «Дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ бояд воҳидҳои кор бо матбуот таъсис дода шуда, бо фаъолияти чашмгири ин ниҳодҳо метавон аҳолиро аз қабули маълумоти носаҳеҳ эмин нигоҳ дошт», – гуфт намояндаи ВКХ ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, Д.Назриев аз фаъолияти «ғайриҳирфаӣ»-и чанде аз рӯзноманигорони ватанӣ изҳори нигаронӣ намуд. «Ман шахсан ба ин гуна амал дучор гардида, маҷбур шудам, ки аз ҳамкории минбаъда бо чанде аз журналистон даст кашам, зеро маълумоти аз ман дастрасшуда нодуруст пешниҳод мегардид», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки «ҳангоме ки журналист ба таҳрифи маълумот даст мезанад, минбаъд сарчашмаи маълумот барои ӯ баста хоҳад буд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.