Суғд: Боздошти роҳбари яке аз дорухонаҳо бо маводи мухаддир

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд як амалиёти мувафақона баргузор намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиёт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як зани 44-солаи соҳибкор, ки роҳбари яке аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд буд, боздошт шуда,  […]

Аваз Юлдошев


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд як амалиёти мувафақона баргузор намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории амалиёт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як зани 44-солаи соҳибкор, ки роҳбари яке аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд буд, боздошт шуда,  аз ӯ ду брикети дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот шарики ӯ низ ошкор гардида, аз манзили зисти фурӯшандаи дорухонаи мазкур, зани 48-сола боз 13 адад брикети дигари дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудаанд. «Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 10 килоро ташкил дод», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳи боздоштшудагон, ба онҳо аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.