Журналисти тоҷик бо ҷоизаи Hellman-Hammett 2012 қадрдонӣ шуд

Журналисти тоҷик, хабарнигори бахши ӯзбекии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов бо ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммети созмони байналмилалии «Human Rights Watch» қадрдонӣ шуд. Усмонов аз ҷониби Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба дарёфти ин мукофот пешниҳод гардида буд. Бино ба маълумоти бахши тоҷикии хабаргузории ВВС, дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи душанбеи 10 сентябр аз ҷониби Анҷумани […]

ASIA-Plus


Журналисти тоҷик, хабарнигори бахши ӯзбекии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов бо ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммети созмони байналмилалии «Human Rights Watch» қадрдонӣ шуд.

Усмонов аз ҷониби Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба дарёфти ин мукофот пешниҳод гардида буд.

Бино ба маълумоти бахши тоҷикии хабаргузории ВВС, дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи душанбеи 10 сентябр аз ҷониби Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон мунташир шуд, таъкид шудааст, ин ҷоиза ба хабарнигори аз фишору таъқиб ранҷбурда эъто гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Лавренс Мосс, як масъули ин созмон гуфтааст, ба Ӯрунбой Усмонов, ки барои фаъъолияти хабарнигорӣ мавриди таъқибу озори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор гирифта ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурда буд, ба миқдори 6 ҳазор дулори омрикоӣ кумаки молӣ низ тахсис шудааст.

 Ҳамчунин, оқои Мосс таъкид кардааст, эътои ҷоизаи “Human Rights Watch” ба Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон навъи ҷалби таваҷҷӯҳ ба мавориди саркӯбии озодии баён дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммет ба ифтихори Лилиан Ҳелман, дромнавис ва Дашиэл Ҳаммет, нависандаи омрикоӣ аз ҷониби созмони “Human Rights Watch” таъсис шудааст. Ин ду нафар барои ақоиди сиёсӣ ва фаъъолияти касбии худ аз сӯйи Кумитаи Конграи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бозрасӣ шуда, хонуми Ҳелман муддати чанд сол дар ин кишвар коре барои худ пайдо карда натавониста ва оқои Ҳаммет муддате дар зиндон ба сар бурдааст.

Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори осиёимиёнагии Би-Би-Си дар таърихи 14-уми октябри соли равон дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста шуда, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бо истифодаи қонуни афв ӯ аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Ӯрунбой Усмонов он замон изҳор карда буд, ки худро гунаҳкор намешуморад. «Дар ҷараёни мурофиаи судӣ робитаи ман ба фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» исбот нашуд ва он айбномаҳое, ки тафтишот ба ман пешниҳод карда буд, низ тасдиқи худро наёфтанд», – гуфта буд рӯзноманигор зимни мурофиаи судӣ.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд.

Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбат ба хабарнигори осиёимиёнагии хабаргузории Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмоновро, ки аз ҷониби суди вилояти Суғд содир шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт. Дар ҷараёни баррасии шикояти кассатсионии журналист суд ба хулосае расид, ки ҳукми аз ҷониби зинаи поёнӣ содиршуда боадолатона аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.