Ифтитоҳи факултаи Донишгоҳи миллии техникии Белорус дар ДТТ

Date:


Дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ факултаи муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ифтитоҳ гардид.

Имрӯз дар маросими ифтитоҳи факултаи мазкур вазири маорифи Белорус Сергей Маскевич ва муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова ширкат варзиданд.

Нашрияи «Народная газета»-и Белорус бо истинод ба сухангӯи Вазорати маорифи ин кишвар менависад, таҳсил дар ин факулта дар ду марҳила сурат гирифта, барои донишҷӯён барнома ва нақшаҳои таълимии ҳамгиройишудаи муштарак таҳия хоҳанд гардид.

Дар марҳилаи аввал донишҷӯёне, ки забони русиро намедонанд, дар курсҳои омодагӣ дар Тоҷикистон таҳсил намуда, донишҷӯёне, ки забони русиро балад мебошанд, дар курсҳои якум ва дуюм тибқи нақшаву барномаҳои муштарак таълим мегиранд. Марҳилаи дуюм дар Белорус сурат гирифта, таҳсили донишҷӯён дар курсҳои 3-5 бо дифоъи кори дипломӣ ва соҳиб шудан ба ихтисосро дар бар мегирад.

Сухангуи вазорат гуфтааст, самти асосии таҳсил аз бахшҳои сохтмону меъморӣ, энергетика, мошинсозӣ ва металлургия, сохтмони роҳу нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва ихтисосҳои иқтисодӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи миллии техникии Белорус беш аз 35 ҳазор донишҷӯён бо таҳсил фаро гирифта шуда, дар он аз рӯйи 89 касб мутахассисон омода мегарданд. Донишгоҳ дорои 119 кафедра буда, дар он беш аз 2 ҳазор нафар омӯзгорон фаъолият доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...