Ба муносибати бисту якумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ табрик гуфтанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар барқияи табрикотии президенти Украина Виктор Янукович зикр мегардад, ки соли равон бо талошҳои муштарак дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи халқҳои украину тоҷик дар ҳама соҳаҳо тадбирҳои афзун анҷом дода шуданд.
«Аминам, ки санадҳои мувофиқашуда ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ заминаи фаъол гузошта, ҷиҳати болоравии иқтисоди миёни кишварҳо ва некӯаҳволии халқҳоямон таъсири амиқ хоҳад расонд», – омадааст дар барқияи шодбошии сарвари давлати Украина.
Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд, ки дар чанд соли охир ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамраъйии миёни халқҳоямон ба рушди воқеӣ ноил гардидем. «Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои неку дӯстонаамон минбаъд низ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳоямон таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар барқия.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ зимни табрикоти хеш изҳор доштааст, ки муносибатҳои дуҷонибаи мо ҷараёни рушди сареъро дар тамоми соҳаҳо касб кардаанд.
«Ман ба сафари дар пешистодаи бародари худ ба Покистон ҷиҳати иштирок дар саммити чоргона, ки 2-3 октябри соли 2012 доир мегардад, назари нек дорам. Ин рӯйдод барои мо имконияти муносиберо барои мубодилаи афкор атрофии масоили минтақавӣ ва баррасии муносибатҳои дуҷониба фароҳам меорад», – гуфтааст Осиф Алӣ Зардорӣ.
Ҳамчунин ба унвони президенти Тоҷикистон аз номи президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тзинтао, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Абдулло Гул, президенти Ҷумҳурии Туркия президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, президенти Конфедератсияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлумпф, президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили ва дигар сарони давлатҳову созмонҳои байнулмилалӣ барқияҳои шодбошӣ ворид гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, вуруди номаҳои табрикӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.


