Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва ширкатҳои олмонӣ

Date:


Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори лоиҳаи байналмилалии Агентии энергетикии олмонии Dena Наргис Вик, роҳбари корхонаи олмонии BAE Batterian GmbH Ян Айсперт ва роҳбари ширкати DPU Investment GmbH-и Олмон Томас Меттин баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, истифодаи энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо ду меморандум – Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии олмонии Dena ва Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи BAE Batterian GmbH ва ширкати DPU Investment GmbH ба имзо расид.

 Санадҳои баимзорасида масъалаҳои ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ, ҷалби сармояҳо ҷиҳати лоиҳакашӣ, таъсис ва истифодаи энергияи офтобиро дар бар мегиранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...