Як қатор гуфтушуниди ҳайати низомии Ҳиндустон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе зимни гуфтушуниди муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров бо ҳайати Коллеҷи давлатии низомии Ҳиндустон таҳти сарварии контр-адмирал Равиндра Гайквад масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии низомии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқот ҳамчунин […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе зимни гуфтушуниди муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Рамил Нодиров бо ҳайати Коллеҷи давлатии низомии Ҳиндустон таҳти сарварии контр-адмирал Равиндра Гайквад масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии низомии Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, дар мулоқот ҳамчунин атрофи табодули таҷриба дар бахши омодасозии кадрҳои низомӣ, иштироки Ҳиндустон дар таҷдиди Донишгоҳи низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

Ҳайати низомии Ҳиндустон ҳамчунин бо муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов низ дидору гуфтушунид кард. Дар мулоқот масоили роҳу воситаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.