Имсол мавсими ғунучини ҳосили пахта дертар шурӯъ шуд

Имсол дар Тоҷикистон мавсими ғунучини ҳосили пахта каме дертар шурӯъ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар робита ба боронҳои пайдарпайи баҳори соли равон ҷамъоварии ҳосили пахта қариб як моҳ дертар оғоз гардид. Ба иттилои манбаъ, пахтакорони вилояти Хатлон ахири моҳи август ба ғунучини ҳосили пахта шурӯъ карда, беш аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Имсол дар Тоҷикистон мавсими ғунучини ҳосили пахта каме дертар шурӯъ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар робита ба боронҳои пайдарпайи баҳори соли равон ҷамъоварии ҳосили пахта қариб як моҳ дертар оғоз гардид.

Ба иттилои манбаъ, пахтакорони вилояти Хатлон ахири моҳи август ба ғунучини ҳосили пахта шурӯъ карда, беш аз 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҳафтаи гузашта кишоварзони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона оғоз карда, то имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Чанд рӯз қабл дар ду ноҳияи тобеи марказ – Ҳисор ва Шаҳринав низ ғунучини ҳосили пахта оғоз гардида, то имрӯз дар навоҳии тобеи марказ ҳудуди 900 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.