Раиси ҲКТ: Дар шимоли ҷумҳурӣ халои иттилоотӣ эҳсос мегардад

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба таассуроташ аз вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд ибрози назар намуд. «Дар муқоиса бо соли гузашта интихобкунандагони вилояти Суғд бештар фаъол гардида, ба масоили андозбандӣ, тақсимоти замин, маориф, рушди бахши хусусии иқтисод, ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ва дигар масоил таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳр менамоянд», […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба таассуроташ аз вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд ибрози назар намуд.

«Дар муқоиса бо соли гузашта интихобкунандагони вилояти Суғд бештар фаъол гардида, ба масоили андозбандӣ, тақсимоти замин, маориф, рушди бахши хусусии иқтисод, ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ва дигар масоил таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳр менамоянд», – гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.

Ба қавли вай, зимни вохӯриҳо бо аҳолии ноҳияиҳои Айниву Мастчоҳ ӯ эҳсос кардааст, ки имрӯз минтақаи шимоли кишвар дар халои иттилоотӣ қарор дорад.

«Васоити ахбори умуми дастрас дар ин ноҳияҳо ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ нест, – мегӯяд ӯ. – Аҳолӣ доир ба вазъи кишвар, қонуну қарорҳои қабулшуда ва вазъи Хоруғ маълумоти бештар мехоҳад», – иброз дошт намояндаи мардумӣ.

Номбурда таъкид кард, ки дар ноҳияҳои Мастчоҳу Айнӣ вазъ ором аст. Пагоҳ онҳо бо интихобкунандагони шаҳрҳои Конибодому Исфара мулоқот мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон санаи 11-уми сентябр оғоз гардида, то 20-уми ҳамин моҳ идома меёбанд.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.