Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва ширкатҳои олмонӣ

Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори лоиҳаи байналмилалии Агентии энергетикии олмонии Dena Наргис Вик, роҳбари корхонаи олмонии BAE Batterian GmbH Ян Айсперт ва роҳбари ширкати DPU Investment GmbH-и Олмон Томас Меттин баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори лоиҳаи байналмилалии Агентии энергетикии олмонии Dena Наргис Вик, роҳбари корхонаи олмонии BAE Batterian GmbH Ян Айсперт ва роҳбари ширкати DPU Investment GmbH-и Олмон Томас Меттин баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, истифодаи энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо ду меморандум – Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии олмонии Dena ва Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи BAE Batterian GmbH ва ширкати DPU Investment GmbH ба имзо расид.

 Санадҳои баимзорасида масъалаҳои ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ, ҷалби сармояҳо ҷиҳати лоиҳакашӣ, таъсис ва истифодаи энергияи офтобиро дар бар мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.