Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои марҳилаи ниҳоии сохтмони нақби Шаҳристон аз наздик ошно гардида, ҷаласаи ситоди кории сохтмонро доир намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа вазифаҳои ҳарчи зудтар ба истифода додани нақб муқаррар гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати суръати бештар бахшидан ба ҷараёни сохтмон ва таъмини нақб бо таҷҳизоти равшанидиҳанда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қобили зикр аст, ки феълан дар сохтмони нақби «Шаҳристон» шабонарӯзӣ ҳудуди 700 нафар коргарони маҳалливу чиноӣ фаъолият доранд.
Қаблан бо такя ба суханони муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дода будем, ки мувофиқи нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи сентябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.
Нақби «Шаҳристон» дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.
Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.


