Ба ифтитоҳи телевизиони форсизабонон дар Душанбе чӣ халал мерасонад?

– Айни замон масъалаи бунёди заминаи ҳуқуқии ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонони се кишвар – Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар Душанбе мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, бо анҷоми он масъалаи пардохти боҷи гумрукӣ низ ҳал хоҳад шуд, – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала роҳбари департаменти иттилоотии ВКХ Давлат Назриев. Дар ҳамин ҳол, […]

Меҳрангез Турсунзода


– Айни замон масъалаи бунёди заминаи ҳуқуқии ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонони се кишвар – Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар Душанбе мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, бо анҷоми он масъалаи пардохти боҷи гумрукӣ низ ҳал хоҳад шуд, – гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала роҳбари департаменти иттилоотии ВКХ Давлат Назриев.

Дар ҳамин ҳол, аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки барои шабакаи телевизионӣ ба Душанбе ба маблағи 2 млн. евро таҷҳизот оварда шуда, вале он дар фурудгоҳ нигоҳ дошта шудааст, зеро Хадамоти гумрук пардохти боҷ дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ИМА-ро талаб дорад.

Дар сафорат мегӯянд, дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ таҷҳизоти мазкур бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод бошад. «Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳалли мусбати масъаларо ба мо ваъда кард, вале агар ин мушкилот базудӣ ҳал нагардад, мо маҷбур мешавем, ки онро ба Эрон баргардонем. Ин таҷҳизоти муосири телевизионии истеҳсоли Олмон аст», – гуфтанд дар сафорат.

Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук дар робита ба ин масъала гуфт, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе воридоти таҷҳизот аз Эрон ба ин маблағ ба қайд гирифта нашудааст ва хадамот аз маҳсулоту таҷҳизоти дорои имтиёз ё озод аз пардохти боҷ тибқи қонунгузорӣ маблағ намеситонад.

Дар сафорати Эрон ҳамчунин гуфтанд, қаблан як қисмати таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ ба Душанбе интиқол дода шуда буд, вале он замон дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ сухан намерафт. Ин нуктаро моҳи январи соли 2012 раиси Кумитаи радиову телевизиони ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов низ тасдиқ намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории REGNUM, дар ин масъала Тоҷикистону Эрон талаботи Афғонистонро сарфи назар кардаанд. Афғонистон то ҳанӯз исрор меварзад, ки шабакаи телевизионӣ бояд бо забни пашту низ барномаҳо пахш намояд, зеро қисмати аксари аҳолии ин кишвар бо забони пашту гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин масъалаи сарулибоси шореҳони шабака низ мавриди ихтилофи назари ҷонибҳо қарор дорад. Дар шабакаҳои телевизионии Эрону Афғонистон намоиши занон бидуни ҳиҷоб манъ аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.