Мулоқоти Ш.Раҳимзода бо намояндагони Коллеҷи мудофиаи миллии Ҳиндустон

Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Коллеҷи мудофиаи миллии Ҳиндустон, ки ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайат, контр- адмирал […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Коллеҷи мудофиаи миллии Ҳиндустон, ки ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайат, контр- адмирал Равиндра Гайквад сурат гирифт, ҷонибҳо вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва раванди ислоҳоти иқтисодиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ аз Ҳиндустон боздид намуда, дар ҷараёни он миёни кишварҳо як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки қариб пурра ба воридоти маҳсулот аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон рост меояд. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон ба маблағи тақрибан 85 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба андозаи 20% коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.