Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба таассуроташ аз вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд ибрози назар намуд.
«Дар муқоиса бо соли гузашта интихобкунандагони вилояти Суғд бештар фаъол гардида, ба масоили андозбандӣ, тақсимоти замин, маориф, рушди бахши хусусии иқтисод, ҳуқуқҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ва дигар масоил таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳр менамоянд», – гуфт ӯ дар суҳбати телефонӣ.
Ба қавли вай, зимни вохӯриҳо бо аҳолии ноҳияиҳои Айниву Мастчоҳ ӯ эҳсос кардааст, ки имрӯз минтақаи шимоли кишвар дар халои иттилоотӣ қарор дорад.
«Васоити ахбори умуми дастрас дар ин ноҳияҳо ба талаботи аҳолӣ ҷавобгӯ нест, – мегӯяд ӯ. – Аҳолӣ доир ба вазъи кишвар, қонуну қарорҳои қабулшуда ва вазъи Хоруғ маълумоти бештар мехоҳад», – иброз дошт намояндаи мардумӣ.
Номбурда таъкид кард, ки дар ноҳияҳои Мастчоҳу Айнӣ вазъ ором аст. Пагоҳ онҳо бо интихобкунандагони шаҳрҳои Конибодому Исфара мулоқот мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон санаи 11-уми сентябр оғоз гардида, то 20-уми ҳамин моҳ идома меёбанд.


