Сардори маркази алоқаи қисми низомии №2044-и Саррраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ дар қаламрави деҳоти Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд даст ба худкушӣ зад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шоми рӯзи сешанбе прапоршик У.К., сокини 22-солаи ноҳияи Зафаробод дар ошхонаи қисми низомӣ бо таппончаи Макаров ба сари худ тир холӣ кардаааст.
«Аз ҷароҳати бардошта ӯ дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст. Айни замон Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд ҷиҳати ошкор сохтани сабабҳои ба ин амал даст задани марзбонро мавриди таҳқиқ қарор доданд», – гуфт манбаъ.


