Мулоқоти Ш.Раҳимзода бо намояндагони Коллеҷи мудофиаи миллии Ҳиндустон

Date:


Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Коллеҷи мудофиаи миллии Ҳиндустон, ки ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайат, контр- адмирал Равиндра Гайквад сурат гирифт, ҷонибҳо вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва раванди ислоҳоти иқтисодиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ аз Ҳиндустон боздид намуда, дар ҷараёни он миёни кишварҳо як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки қариб пурра ба воридоти маҳсулот аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон рост меояд. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон ба маблағи тақрибан 85 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба андозаи 20% коҳиш ёфтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...