Суғд: Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиёт

Date:


Бар асари садамаи нақлиёт дар километри 353-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, сокини 22-солаи ноҳияи Спитамен, корманди корхонаи ресандагии «Олим Текстайлз» Наҷмиддин Камолов аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Мерседес» набаромада, бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа автомашина чаппа мешавад. Ронанда ва яке аз мусофирони автомашина – сокини 25-солаи ноҳияи Мастчоҳ Оятулло Мирзоев бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бистарӣ шудаанд.

Мусофирони дигари автомашина – сокинони ноҳияи Мастчоҳ – Фирдавсбек Аҳмедови 25-сола, Шаҳноза Ниёзоваи 25-сола ва Сурайё Одиназодаи 19-сола бинобар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан зимни интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...