Суғд: Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар километри 353-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, сокини 22-солаи ноҳияи Спитамен, корманди корхонаи ресандагии «Олим Текстайлз» Наҷмиддин Камолов аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Мерседес» набаромада, бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат мебарояд, ки дар […]

Аваз Юлдошев


Бар асари садамаи нақлиёт дар километри 353-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, сокини 22-солаи ноҳияи Спитамен, корманди корхонаи ресандагии «Олим Текстайлз» Наҷмиддин Камолов аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Мерседес» набаромада, бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа автомашина чаппа мешавад. Ронанда ва яке аз мусофирони автомашина – сокини 25-солаи ноҳияи Мастчоҳ Оятулло Мирзоев бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бистарӣ шудаанд.

Мусофирони дигари автомашина – сокинони ноҳияи Мастчоҳ – Фирдавсбек Аҳмедови 25-сола, Шаҳноза Ниёзоваи 25-сола ва Сурайё Одиназодаи 19-сола бинобар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан зимни интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.