БОР ба Тоҷикистон барои таъмири роҳ то Ӯзбекистон 100 млн. $ ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар Душанбе хабар доданд, роҳи мазкур қисмати Коридори шашум дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) бо масофаи 10 ҳазор километр аст, ки Аврупо […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки осиёгии рушд (БОР) барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар Душанбе хабар доданд, роҳи мазкур қисмати Коридори шашум дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) бо масофаи 10 ҳазор километр аст, ки Аврупо ва Русияро бо Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад.

Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бо масофаи 113 километр қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

«Азнавсозии ин роҳ ба ҳамкории минтақавӣ мусодат намуда, хароҷоти нақлиётро коҳиш ва рақобатпазириро афзун месозад, – гуфт манбаъ. – Он ҳамчунин дастрасии аҳолӣ ба хизматгузориҳои иҷтимоиро беҳтар намуда, ба рушди сайёҳӣ, бахши кишоварзӣ ва санаоти кӯҳӣ дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, ки ин омил дар навбати худ, ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ замина муҳайё менамояд».

Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз 966 млн. $ маблағ ҷудо кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.