Аслиҳаи дар ВМКБ ҷамъшуда нобуд карда мешавад

Дирӯз дар Душанбе амалиёти нест кардани аслиҳаи сабуки оташфишон, ки бо дастагириии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир мегардад, оғоз гардид. Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки амалиёти дурӯза дар Раёсати таъминоти моддиву техникӣ ва низомии ВКД ҶТ баргузор мегардад. «Бо истифода аз техникаи буридани аслиҳа, ки замоне аз ҷониби САҲА […]

Пайрав Чоршанбиев


Дирӯз дар Душанбе амалиёти нест кардани аслиҳаи сабуки оташфишон, ки бо дастагириии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир мегардад, оғоз гардид.

Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки амалиёти дурӯза дар Раёсати таъминоти моддиву техникӣ ва низомии ВКД ҶТ баргузор мегардад.

«Бо истифода аз техникаи буридани аслиҳа, ки замоне аз ҷониби САҲА ворид гардида буд, мутахасссисони вазорат дар маҷмӯъ 609 дад аслиҳаро, ки дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2012 ҷамъоварӣ гардида буд, нобуд месозанд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, қисмати асосии ин аслиҳа зимни ҷараёни ихтиёран таслим гамудани яроқ дар ВМКБ, ки тайи чанд ҳафтаи ахир идома дошт, ҷамъоварӣ гардид.

«Нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ба коҳиши хатари паҳн шудани аслиҳа нигаронида шуда,  барои таъмини амният дар Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад», – иброз дошт роҳбари шуъбаи ҳарбӣ-низомии Дафтари САҲА дар ҷумҳурӣ Алэстер Ливингстон зинми боздид аз коргоҳ оид ба нобуд сохтани аслиҳа.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД ҶТ генерал-майор Фарҳод Шодмонбеков изҳор кард, ки САҲА дар бунёди имконот оид ба нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон дар Тоҷикистон ва барузории ин амалиёт нақши муҳим дошта, аз байн бурдани аслиҳаи ғайриқонунӣ ва яроқи зиёдатӣ дар таъмину сулҳу субот нақши ҳалкунанда дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.