Ба муносибати 21-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо фармони президенти кишвар ба 5 нафар кормандони мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ унвони генерал-майор таъин карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД ҶТ иттилоъ дод, ба рутбаи генерал-майор сардори Раёсати ВКД ҶТ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт Мустафо Рустамов, муовини ӯ Муҳаммадшоҳ Искандаров, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Искандар Раҷабов, сардори Раёсати ташкиливу нозиротии ВКД Икром Умаров ва намояндаи ВКД ҶТ дар Шӯрои ВКД кишварҳои узви ИДМ Азиз Ғафуров сазовор гардиданд.


