Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бидуни шубҳа таҷассумгари бузургии миллати тоҷик буда, марги ӯ барои забону адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон талафоти бузург аст, – гуфт дар робита ба даргузашти академик М.Шакурӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Саттор Турсун.
Ба андешаи ӯ, М.Шакурӣ замони наврасӣ аз пойтахти қадимаи тоҷикон – шаҳри Бухоро ба пойтахти нави мардуми тоҷик – шаҳри Душанбе як қисмате аз фарҳанги қадима, забону ҳунар ва адабиётро бо худ оварда, онро ба ҳаводорони эҷодиёташ моҳирона пешниҳод намуд.
«Барои тарбияву ба қуллаҳои баланди касбӣ расидани насли нави адабиётшиносону олимони Тоҷикистон хизматҳои М.Шакурӣ арзанда буда, мероси гузоштаи олим боз муддати садсолаҳо зарур ва мавриди истифода хоҳад буд», – зикр кард С.Турсун.
Ин дақиқаҳо дар назди манзили зисти академик дар кӯчаи Навоӣ (пушти муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино) маросими видоъ ва ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ҷараён дорад.
Имрӯз соати 13:00 ҷасади академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар оромгоҳи Лучоби пойтахт паҳлӯи фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба хок супурда мешавад.


