Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли равон 3 млрд. 232 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11,4% ё худ 330 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли равон 3 млрд. 232 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11,4% ё худ 330 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. 497 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 95 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 85 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 867 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёдтар мебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 365 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,1% бештар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 8 моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 71,8%, мошину таҷҳизот – 49,5%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 20% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 12,2% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,3 баробар, маҳсулоти минералӣ – 87% ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 23,4% афзуд.

Дар ҳамин ҳол, моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,5 баробар, маҳсулоти коғазӣ – 2 баробар ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 12,2% зиёд шуд.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯйи ҳаҷм қариб 50% ва аз рӯйи арзиш 37,5% ва гандум мутаносибан ба андозаи 2,1 баробар ва 70% афзоиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, воридоти гази табиӣ аз ҷиҳати арзиш ба андозаи 10,2 ва аз рӯйи ҳаҷм ба миқдори 22% коҳиш ёфт. Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли гузашта, дар 8 моҳи соли равон воридоти орд ба ҷумҳурӣ аз рӯйи ҳаҷм ба андозаи 42% ва аз ҷиҳати арзиш қариб ба миқдори 50% камтар шуд.

Дар ин давра Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо Русия дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳудуди 650 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар мақоми баъдӣ Қазоқистон (440 млн. $), Чин (413 млн. $), Туркия (370 млн. $) ва Эрон (154 млн. $) қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.