БОЗТОБ
Сафари 43-юми Рањмон
Президенти Тољикистонро дар Бадахшон чї гуна пешвоз мегиранд?
Инак, итизор меравад, ки сафари президент Рањмон ба Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон фардо, 18 сентябр, огоз меёбад. Тасоддуфи нест, ки њоло на танњо ќисмати бештари барномањои хабарии шабакањои телевизион, балки барномањои дигари онњоро низ мањз мавзўи ВМКБ ташкил медињад – хабарњо дар бораи хољагињои пешќадами дењќонї, ярмаркаи мањсулот, омодагињо ба љашнњои дарпешистода… Хулоса њамаи мавзўъњое оѓоз мекунанд, ки «бўи Бадахшон» доранд. Дар њоле, ки чанде пештар мардум шикоят мекарданд: «Тамоми љањон дар бораи њаводиси Хоруѓ њарф мезананду расонањои хабарии давлатии Тољикистон, хоса шабакањои телевизионї хомўширо ихтиёр намудаанд».
Як ќатор масъулини баландпояи њукумат, мисли раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї Маликшо Неъматов низ феълан дар Бадахшон ќарор доранд ва дар байни мардум, хоса љавонон «корњои фањмондадињї анљом медињанд». Хулоса, гўё њоло њамаи масъалањо дар Тољикистон ба як нуќта мутамарказ шудаанд: ВМКБ!
Тибќи хабарњо, объектњои зиёде интизор доранд, ки ба фаъолият шурўъ карданашонро мањз сафари президент бояд расмї кунонад. Вале, ба назар мерасад, ки ин дафъа аз ифтитоњи корхонаву иншоот дида, Президенти Тољикистон дар Бадахшон масоили дигари муњимтар дорад.
Ба њар сурат, пас аз њаводиси пурсару садои Хоруѓ дар чанд моњи ахир љаноби Рањмон бори аввал аст, ки ба ин минтаќа хоњад рафт. Сухан дар бораи амалиёте меравад, ки ба гуфтаи муаррихон дар 120 соли ахир дар Бадахшон собиќа надоштааст. Яъне мањз њамин миќдори ваќт дар ин минтаќаи худмухтори Тољикистон ягон амалиёти низомї сурат нагирифтааст. Њукумати феълї дар ибтидои ба сари ќудрат омаданаш низ лозим надонист ба Фронти халќї иљозат бидињад, ки «байраќро дар Боми љањон насб кунад». Њарчанд, ба гуфтаи шоњидон, дар он шабу рўз ќумандонњои зиёде, ки њарфашон аз њукумат баландтар буд, мехостанд пас аз манотиќи дигари «саркаш» Бадахшонро низ ба худ моил кунанд. Аммо рањбарияти мамлакат, хоса Эмомалї Рањмон бо имконоти мањдуди худ дар он замон тавонистанд аз ин иќдомњо пешгирї намоянд. Вале пас аз њодисаи куштори генерали амният Абдулло Назаров дар таърихи 21-уми июл, нерўњои низомии Тољикистон рўзи 24-уми июл ба амалиёте оѓоз намуданд, ки то имрўз сару садои зиёдеро ба бор овардааст. Муаммои ба кї марбут будани оѓози ин амалиёт пас аз мусоњибањои ахири вазири мудофиаи Тољикистон Шералї Хайруллоев посухи худро ёфт. Вазири мудофиа гуфт ин амалиёт бо супориши ў шурўъ шудааст. Посухи суоли дигар: «Чаро ин амалиётро вазорати мудофиа шурўъ кард, на ВКД ё КАМ?» то њанўз рўшан нест.
Нањваи баргузории амалиёт ва шумори даќиќи кушташудагон то њанўз мавриди бањсњост. Гурўњи бистнафараи тањќиќи ин њодиса, ки њамон шабу рўз ташкил шуда буд, њоло дар расонањои хабарї ному насаб ва шумораи одамонеро интишор кардааст, ки бо манбаъњои расмї дар ин бора мухолифат доранд.
Сухани дигари вазири мудофиаи Тољикистон дар бораи «ночиз» будани раъйи мардуми Бадахшон ба Эмомалї Рањмон дар интихоботи навбатии президентї низ сару садои сангинеро ба дунбол дошт. Баъзе аз нерўњои сиёсї, аз љумла ЊУСДТ бо пахши як изњорот гуфта буданд, ки ба ин суханон бањои сиёсиву њуќуќї дода шавад. Кушта шудани раиси созмони ЊНИТ дар ВМКБ ва боздошти раиси созмони ин њизб дар шањри Хоруѓ ва то њанўз бо адвокат сўњбат надоштанаш, бањсњоро то њанўз гарм нигоњ медоранд. Њам дар дохил ва њам дар хориљ.
Ќатъ кардани фаъолияти ширкатњои мобилї ва масдуд намудани бархе аз сомонањои интернетї пас аз амалиёти Хоруѓ то њанўз посухи љиддии худро нагирифтаанд. Ба њар сурат, «тири задаи як мансабдори вањдатї»-ро бояд ба ќатори шўхињои зиёди Бег Зуњуров дохил намоем…
Аз њама муњим то њанўз маълум нашудааст, ки Толиб Айёмбеков ва дигар ќумандонњои минтаќавї дар куштори Абдулло Назаров даст доранд ё не? Илова ба ин, ќатли мармузи ќумандон Имумназар Имумназаров то њоло сару садои гуногун дорад. Вазири мудофиа дар сўњбатњои худ ин кушторро ба афроди наздик ба худи Имумназаров марбут донистааст, дар њоле, ки љонибдорони ў назари дигар доранд. Назарњое њам гуфта шуд, ки ин куштор ё ба њамонњое рабт дорад, ки ба Имум 7 миллион доллар барои тарњи инќилоб ваъда дода буданду ў онњоро «фурўхт», ё ба ќочоќбарони афѓон, ки Имум гўё аз онњо ќарздор будааст.
Талаби истеъфои раиси ВМКБ чанд маротиба дар Хоруг садо дода буд. Њоло акнун бадахшонињо талаб доранд, ки на танњо раиси вилоят ба истеъфо равад, балки номзадии раиси навро онњо худашон пешбарї хоњанд кард. Дар ин замина номи бисёрињо, аз љумла, намояндаи Оѓохон Ёдгор Файзов, муовини раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия Муллопар Бандишоев, раиси ноњияи Шуѓнон Шодихон Љамшедов, вакили МН Мерган Шањбозов, вазири мењнат Мањмадамин Мањмадаминов ба сифати номзадњое ном бурда мешаванд, ки мардуми Бадахшон ба љои Ќодири Ќосим дар курсии раиси ВМКБ дидан мехоњанд…
Бо њамин гуфта мешавад сафари 43-юми Эмомалї Рањмон ба ВМКБ осон иттифоќ намеафтад. Зеро пурсишу талабот дар љараёни ин сафар бамаротиб љиддитар аз њар сафари дигари президент ба ин минтаќаро хоњад дошт. Шояд аз ин љост, ки таърихи ин сафар аз як сана ба рўзи дигар доим иваз шудааст. Акнун ба назар мерасад, ки президент бояд ба рухдодњои ахири Хоруѓ мавќеи сиёсии худро маълум намояд (чун дар ин бора то њанўз чизе нагуфтааст) ва њам суботи минтаќавиро таъмин намояд…
Акнун гумон аст, ки танњо бо кушодани чанд объекти нав, фиристодани корвони мошинњои пурбор ба Бадахшон ва ифтихор бо ин ки рањбарони замони шўравї аз соли 1959 то 1989 њамагї се бор ба ВМКБ сафар кардаанду љаноби Рањмон таи 21 сол 42 сафар ба ин минтаќа доштаасту 1276 иншооти гуногунро ба истифода додааст…
Ба иттилои маќомот, барои мулоќоти президент бо мардум дар баробари намояндагони идорањои њукуматї њамчунин 40 нафарї аз мањаллањои шањр даъват шудаанд. Сокинон интизор доранд, ки дар дидору гуфтугў бо шахси аввали љумњурї сўњбати ошкоре љараён бигирад. Аммо тавре «Озодї» менависад маќомоти вилоятї аз мењмонони даъватї хоњиш кардаанд, ки дар љараёни мулоќот аз «аз шўру ѓавѓо дар назди микрофон» худдорї кунанд.
Пас чї иттифоќе сурат мегирад, танњо метавон тахмин зад. Зеро гумон аст, ки шабакањои телевизионї аз љараёни ин сафар ва мулоќотњои президент пахши мустаќим ва «бе ќайчї» -ро кор бигиранд…
Раљаби Мирзо,
рањбари Маркази тањќиќоти сотсиологии «Бозтоб»


