«Бозори Қарияи Боло» ба субъекти хоҷагии дигар мегузарад

Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба  Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳамроҳ намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» ба имзо расид, ки мутобиқи он тамоми амволи бозор ба тавозуни ин корхона мегузарад. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории […]

Аваз Юлдошев


Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба  Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳамроҳ намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» ба имзо расид, ки мутобиқи он тамоми амволи бозор ба тавозуни ин корхона мегузарад.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин тасмим бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр бо молу мавод ва пешгирии болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, барои иҷрои қарори мазкур комиссия таъсис дода шуда, он дар мӯҳлати ду ҳафта тибқи санади дахлдор қабулу супоридани иншоотро тартиб ва барои тасдиқ ба раиси шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.