Имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати шиносоии наздик бо ҷараёни омодагии вилояти Хатлон ба мавсими тирамоҳу зимистон ба ин минтақа сафар мекунад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа нахуствазир доир ба вазъи омодагии бахшҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ба зимистон машварат доир месозад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони як қатор корхонаву ташкилотҳои давлатии қаламрави вилоят ширкат хоҳанд варзид. Дар ҷаласа ҳисоботи шахсони масъули анҷоми корҳои омодагӣ ба фасли сармо шунида шуда, масоили захира кардани ангишту газ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ мешаванд.


