Дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб дар чор деҳа кумитаҳои маҳаллӣ таъсис дода шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳо супурда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамоат Ҳошим Абдулҳақов иттилоъ дод, акнун идоракуниву рушди деҳаҳои Гулзор, Гулобод, Навобод ва Чанор ба дӯши онҳо вогузор мегардад. Мувофиқи оинномаи тасдиқшуда, ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ дафтари корӣ, муҳри расмӣ ва суратҳисоби мустақил дар бонкро доро буда метавонанд.
«Баъзан ҳукумати шаҳр ба мушкилоти деҳаи мушаххас расидагӣ карда наметавонад, аз ин рӯ, таъсиси чунин ташкилотҳо хеле муҳим буда, онҳо натанҳо аз мушкилоти мавҷуда ҳукуматдоронро огоҳ карда метавонанд, балки мустақилона бо кӯмаки ширкатҳои хусусиву созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ ба ҳалли он он низ қодиранд», – гуфт вай.
Абдулҳақов таъкид намуд, ки тамоми корҳои тадорукотии таъсиси кумитаҳои маҳаллӣ дар 4 деҳа бо кӯмаки молӣ ва техникии созмони байнулмилалии OXFAM сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи афсари саҳроии барномаи соҳавии OXFAM Ҳабибулло Набиев, дар фурсати наздиктарин ба ин монанд кумитаҳо дар ноҳияҳои Восеъ (4 кумита) ва Мӯъминобод (1 кумита) низ таъсис дода мешаванд. «Дар марҳилаи минбаъдаи фаъолият ин кумитаҳо бо тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ таъмин гардида, гурӯҳҳои занони машғул ба кори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешаванд ва онҳо ба корҳои сердаромад дар майдонҳои кишт омӯзонида мешаванд», – афзуд номбурда.


