Соҳибмулки «Корвон»: Бозор пеш аз муҳлат барқарор мешавад

Соҳибмулки бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе Нуршед Машрабов мегӯяд, корҳои барқароркунӣ дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» босуръат идома дошта, пеш аз муҳлати муқаррарнамудаи раиси пойтахт аввали моҳи октябр ба итмом мерасанд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Н.Машрабов изҳор кард, ки корҳои барқароркунӣ дар ду баст идома дошта, доир ба хароҷоти дар ин самт масрафшуда метавон […]

Аваз Юлдошев


Соҳибмулки бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе Нуршед Машрабов мегӯяд, корҳои барқароркунӣ дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» босуръат идома дошта, пеш аз муҳлати муқаррарнамудаи раиси пойтахт аввали моҳи октябр ба итмом мерасанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Н.Машрабов изҳор кард, ки корҳои барқароркунӣ дар ду баст идома дошта, доир ба хароҷоти дар ин самт масрафшуда метавон танҳо пас аз анҷоми корҳо ҳарф зад. «Дар анҷоми ин корҳо маро ҳам аз нигоҳи моддиву ҳам аз лиҳози маънавӣ дӯстону хешовандонам дастгирӣ мекунанд», – гуфт вай.

Соҳибмулки бозор ҳамчунин иброз дошт, ки маълумоти дақиқ дар хусуси ҳаҷми умумии хисорот  то ҳанӯз маълум набуда, айни замон дар бозор ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва сабабҳои сар задани сӯхтор комиссияи махсус таҳти роҳбарии муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов фаъолият дорад ва ин комиссия хулосаҳои худро оид ба ин масоил рӯзи 19-уми сентябр ба раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пешкаш мекунад.

«Бори дигар изҳор медорам, ки ба андешаи ман, сабаби сар задани сӯхтор дар бозор барқасдона оташ задан аст, – гуфт вай. – Маводи наворҳои мушоҳидаи видеоӣ дар дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст ва ман дар бораи онҳо ҳанӯз ҳеҷ маълумоте надорам».

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Саррраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ташхиси сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори мазкур то ҳол ба итмом нарасидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.