Шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1,4 млрд. $ маблағ фиристоданд

Дар нимсолаи аввали соли равон бо истифода аз низомҳои интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ғайрирасмӣ (воқеӣ) беш аз 1,4 млрд доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон шахсони воқеӣ 551 млн. $ ва дар семоҳаи дуюми […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар нимсолаи аввали соли равон бо истифода аз низомҳои интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ғайрирасмӣ (воқеӣ) беш аз 1,4 млрд доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон шахсони воқеӣ 551 млн. $ ва дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 851 млн. $ маблағи пулӣ интиқол додаанд.

Ҳаҷми миёнаи як амалиёти интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 316 ва дар семоҳаи дуюм 239 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Аз лиҳози ҳаҷми интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ Ӯзбекистон пешсаф аст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Ӯзбекистон беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Мақоми дуюмро дар ин самт чун анъана Тоҷикистон ишғол меамояд. Дар зинаи сеюм Украина қарор дошта, ҳаҷми маблағи интиқолшуда аз Русия ба ин кишвар дар нимсолаи аввал ба ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода буданд, ки аз нишондиҳандаи соли 2010 тақрибан ба андозаи 800 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар зарфи 6 моҳи соли равон шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия 145 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввал 66 млн. $ ва семоҳаи дуюм 79 млн. $) маблағи пулӣ интиқол кардаанд.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар маълумот пешниҳод намекунад. Моҳи июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов аз пешниҳоди маълумот дар ин хусус худдорӣ варзида, изҳор дошта буд, ки ӯ чунин маълумотро дар даст дорад, вале онро ба ҳамагон пешниҳод карданӣ нест.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.