Ҳарифони футболбозони тоҷик дар Ҷоми президенти Туркманистон муайян шуданд

Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми президенти Туркманистон оид ба футбол, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Украинаву Ӯзбекистон ва Белорус қувваозомоӣ мекунад. Ба гурӯҳи «А» тимҳои мунтахаби футболи Туркманистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон шомил гардиданд. Дар ин мусобиқот, ки аз 20 то 29-уми сентябр идома меёбад, 9 дастаҳои […]

Аваз Юлдошев


Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми президенти Туркманистон оид ба футбол, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Украинаву Ӯзбекистон ва Белорус қувваозомоӣ мекунад.

Ба гурӯҳи «А» тимҳои мунтахаби футболи Туркманистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон шомил гардиданд. Дар ин мусобиқот, ки аз 20 то 29-уми сентябр идома меёбад, 9 дастаҳои футболбозони наврас ширкат меварзанд.

Вохӯрии нахусти футболбозони тоҷик бо дастаи Украина рӯзи 21-уми сентябр, бозии дуюм бо дастаи Ӯзбекистон 23-юми сентябр ва вохӯрии охирин дар гурӯҳ бо дастаи Белорус санаи 25-уми сентябр баргузор мешавад.

Пас аз анҷоми бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаи аввали гурӯҳҳо (дастаи якуми гурӯҳҳо бо дастаҳои дуввуми гурӯҳҳо) дар вохӯриҳои ниманиҳоӣ баҳри дарёфти роҳхат ба бозии ниҳоӣ қувваозмоӣ мекунанд, ки дар ин бозӣ ғолиби мусобиқот муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маблағи мукофотпулии Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқотро 20 ҳазор ва дастаҳои зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 10 ва 5 ҳазор доллари ИМА мукофтпулӣ интизор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.